боҳарорат — [باحرارت] 1. дорои гармои сахт, ҳарорати баланд 2. маҷ. дорои шӯру шавқи бисёр, пурҷӯшу хурӯш: боҳарорат сухан гуфтан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пуроташ — [پرآتش] 1. пур аз оташ, аз оташ пур 2. гарму сӯзон, пурҳарорат: дили пуроташ, нутқи пуроташ, синаи пуроташ 3. рахшанда, дурахшон: чашмҳои пуроташ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
оташинӣ — [آتشيني] 1. бадқаҳрӣ, хашмнокӣ, ҳолати хашму ғазаб, хашмгин будан 2. пурҳароратӣ, пурҳайяҷонӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
оташолуд — [آتش آلود] 1. оташомехта: хокистари оташолуд 2. маҷ. хашмгинона; нидои оташолуд нидои хашмгинона ва пурғазаб; сухани оташолуд сухани пурҳарорат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷӯшон — [جوشان] 1. ҷӯшанда, дар ҳолати ҷӯшидан: деги ҷӯшон 2. гарм, тафсон: оби ҷӯшон, чойи ҷӯшон 3. пуртуғён, пурталотум; дарёи ҷӯшон 4. фавворазананда: чашмаи ҷӯшон 5. дар изтиробу ҳаяҷон, пурҷӯшу хурӯш: дили ҷӯшон; гарму ҷӯшон пурҳарорат; пурсупоси… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
оташин — [آتشين] 1. мансуб ба оташ; чун оташ, ба ранги оташ, аз оташ пайдошуда 2. маҷ. пурҳарорат, оташбор, гарму ҷӯшон, ҳаяҷонангез; нутқи оташин, оҳи оташин, саломи оташин 3. хашмгин, қаҳролуд, ғазабнок; оташин кардан касеро боиси хашми касе гардидан,… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
оташинтабъ — [آتشين طبع] шоире, ки пурҳарорат ва таъсирбахш шеър мегӯяд; шоири оташинтабъ шоире, ки салиқаи баланд дорад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
оташнафас — [آتش نفس] ниг. оташбаён; шоири оташнафас сухангӯи пурҳарорат … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
пуртаб — [پرتب] пурҳарорат, бо таби баланд; пуртабу тоб пурсӯзу гудоз, дардманд, пуралам … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гарм — [گرم] 1. дорои дамои бештар аз дамои бадани инсон ё дамои муҳити атроф; боҳарорат, ҳароратдор; муқоб. сард, хунук (мас., оби гарм, ҳавои гарм); доғ, тафсон: оши гарм, бӯи хуши нони гарм; дами гарм а) нафаси ҳароратдор; б) маҷ. хӯроки гарми обдор … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ